Декабр 22, 2019 11:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳолу рӯзи пахтакорони тоҷикистонӣ хуб нест

Кишоварзони тоҷикистонӣ имсол бо вуҷуди бардошти 400 ҳазор тонна пахта мутаҳамили зиёнҳои молии фаровон шудаанд.

Ба нақл аз Азия-Плюс барассиҳо нишон медиҳад, ки инҳисорӣ шудани хариди пахта аз сӯи ҷанд ширкат зиёнҳои молии фаровонеро бар кишоварзони Тоҷикистон ворид кардааст.

Танҳо дар ноҳияи Ҳисор кошту бардошти 2 тонна пахта аз ҳар гегтар барои кишоварзон 12 ҳазор сомонӣ ҳазина дорад, ки ширкатҳои инҳисории восита ба онон танҳо 7 то 9 ҳазор сомонӣ пардохт мекунанд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон чанде пеш дар Нишасти маҷлиси намояндагони ин кишвар таъкид карда буд, ки агар 136 корхона ва коргоҳи коркарди пахта барои ҳар кило маҳсул ба кишоварзон 6 сомонӣ ва 50 дирам нархи тамомшудаи онро пардохт мекарданд заминаи бардошти 490 ҳазор тонна пахта фароҳам мешуд.

Иззатуллоҳ Сатторӣ афзуд, ин дар ҳолест, ки ин ширкатҳо ҳар кило пахтаро аз кишоварзон 3 сомонӣ ва 50 дирам мехаранд, ки ба зиёни онон тамом мешавад ва ангезаи кишти ин маҳсули муҳимро аз байн мебарад. Илова бар ин мушкилот, ҳазинабар будани раванди кошт ва бардошти пахта, хомфурушӣ ва суди ночизи он барои иқтисоди Тоҷикистон аз асоситарин монеаҳои рушди ин бахш ба ҳисоб меояд.

Ҳамчунин ба гуфтаи Сатторӣ танҳо 25 дарсад аз ин маҳсул дар дохили Тоҷикистон фароварӣ ва бақия ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад.

Дар Тоҷикистон дар даврони ҳукумати Шуравӣ, ки кишоварзон аз ҳимояти молии давлат бархурдор буданд ҳамасола 930 ҳазор тонна бардошт мешуд ва акнун бо вогузории ин ҳавза ба бахши хусусӣ замина барои инҳисоргарии воситаҳо ва даллолҳо, ки суди худро дар хомфурушии ин маҳсул мебинанд ва дар натиҷаи коҳиши даромади кишоварзон фароҳам шудааст.

Барчасп