Шикояти афғонҳо аз Тоҷикистон барои тағйири маҷрои Ому
Сокинони рустоҳои марзӣ дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон аз иқдоми Тоҷикистон дар тағйири маҷрои рӯдхонаи Ому шикоят кардаанд.
Ба нақл сомонаи ТопТҶ, Мирзо Қулипаймон масъули ноҳияи Шуғнон дар вилояти Бадахшони Афғонистон бо таиди ин мавзӯъ гуфтааст, ки ба далели таҳкими соҳили рӯдхонаи Ому дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон ҳамасола ҷангалҳо, заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳои афғонҳо осиб мебинад.
Вай муътақид аст, ки бархе иқдомоти тарафи Тоҷикистон дар таҳкими соҳилҳои Омударё, ки муҷиби тахриби хонаҳо ва мазраъаҳои сокинони минтақаи Бадахшони Афғонистон мешавад, бо созишномаҳои байналмиллалӣ миёни Кобул ва Душанбе дар заминаи истифода аз манобеи оби ин рӯдхона муғоир аст.
Ба гуфтаи масъули ноҳияи Шуғнон, сохти ҳар навъ саду таҳкими соҳил барои пешгирӣ аз сел бояд бо тавофуқи дуҷониба анҷом шавад, вале тарафи Тоҷикистон ин муқарраротро риоят намекунад.
Муҳаммадзакариёи Савдо воли(раиси вилоят)-и Бадахшони Афғонистон низ мегуяд, ки ба далели сохти таъсисоти мухталиф дар соҳилҳои марзии Омударё дар Тоҷикистон дар фасли гармо бо туғёни ин рӯдхона ба ҳашт ноҳияи Афғонистон осиби ҷиддӣ ворид шудааст.
Мақомоти Вазорати инкишофи деҳоти Афғонистон низ бо таиди ин мушкил мегуянд, ки ба далели камбуди манобеи молӣ наметавонанд барномаи таҳкими соҳили Омударёро дар вилояти Бадахшони ин кишвар иҷро кунанд.
800 километр аз марзи наздик ба ҳазору 400 километрии Тоҷикистон ва Афғонистон дар қаламрави вилоятҳои Бадахшони ду кишвар воқеъ шуда ва Омударё ба унвони хати марзии ин ду ҳамсоя таин шудааст.
Рӯди Ому ба тули 2 ҳазору 400 километр бо убур аз Тоҷикистон манобеи оби мавриди ниёзи Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистонро таъмин мекунад.