Гилаи наздикони Садриддин Муллоев аз тӯлонӣ шудани раванди додгоҳ
Наздикони Садриддин Муллоев, ки ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯаи “Ҷамоати таблиғ” дар Тоҷикистон зиндонӣ аст, аз тӯлонӣ шудани раванди додгоҳ ва надоштани иҷоза барои мулоқот бо ӯ ибрози нигаронӣ кардаанд.
Ба гузориши сомонаи “TopTJ”, Садриддин Муллоеви 35-сола ба умеди ваъдаи афви мақомоти Тоҷикистон довталабона аз Туркия ба кишвараш бозгашта ва 21 сентябр боздошт шудааст. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Муллоев ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ҷазби афрод ба узвият дар ин созмонҳо парвандаи ҷиноӣ ташкил додааст. Намояндаи додситонӣ дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе моҳи октябри имсол барои Муллоев ҳукми 18 соли зиндон дархост кардааст. Аммо бастагони Муллоев мегӯянд, ки иҷозаи мулоқот бо ӯро надоранд ва вакили мудофеи ӯ низ муддатҳост, ки муваффақ ба дидор бо ӯ нашудааст.
Ҳуқуқдонон муътақиданд, ки дар Тоҷикистон барои афроди муттаҳам ба бандҳои марбут ба терроризм татбиқи Қонуни афви умумӣ душвор аст, аммо додгоҳ метавонад бо дар назар гирифтани бозгашти довталабонаи Муллоев ба кишвар ва ибрози пушаймонии вай аз узвият дар созмони мамнӯаи “Ҷамоати таблиғ” барои ӯ ҳукми сабуктаре содир кунад.
Муллоев падари 4 фарзанд ва домоди мулло Ҳайдар Шарифзода, аз рӯҳониёни минтақаи Кӯлоб аст, ки ба гуфтаи бастагонаш, дар соли 2013 аз Тоҷикистон ба Русия ва баъдан ба Туркия рафтааст.