Декабр 25, 2019 10:27 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон бояд самту сӯи рушди иқтисодии худро тағйир диҳад

Иқтисоддони мустақили тоҷик мӯътақид аст, Тоҷикистон бояд самту сӯи рушди иқтисоди худро тағйир диҳад.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Азиз Ҳайдаров гуфтааст, ки ба далели кунд шудани рушди иқтисоди Русия ва Чин, ки шарикони муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меоянд, ин раванд таъсири ногуворе ба ин кишвар низ хоҳад расонд.

Иқтисоди Тоҷикистон бастагии зиёде ба ирсоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дорад ва он бештар аз мизони даромади таъиншуда дар буҷаи солонаи ҳукумати ин кишвар мебошад. Ҳамчунин бо вуҷуди эъломи чандин барнома дар бораи таъмини амнияти ғизоӣ, таи солҳои ахир дар Тоҷикистон муваффақ ба иҷрои ин тарҳҳо нашудаанд. Афзоиши қимати орд ва гандум дар Қазоқистон ба унвони кишвари содиркунандаи ин ду маҳсули муҳими ғизоӣ ба Тоҷикистон низ, мӯҷиби афзоиши бесобиқаи нархи орду гандум дар бозорҳои ин кишвар дар соли ҷорӣ шуд. Ҳол он, ки Тоҷикистон мебоист бо афзоиши тавлиди гандум дар дохили ин кишвар, вобастагӣ ба воридоти орду гандум аз Қазоқистонро коҳиш медод.

Азиз Ҳайдавров бо баршумурдан и ин маворид таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон бо таҷдиди назар дар барномаҳои рушди иқтисоди ин кишвар, бояд барои сохти корхонаҳои ҷадиди саноатӣ, тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои минтақа ва афзоиши содирот ба хориҷ, ба манзури воридоти арз ва эҷоди таодул дар бозори муомилоти арзӣ иқдом кунанд.