Декабр 26, 2019 10:04 Asia/Dushanbe
  • Душвории ҳали ихтилофҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт ; ҳали ихтилофҳои марзӣ бо Тоҷикистон душвор аст.

Ба нақл аз Спутник, Соронбой Ҷинбеков дар нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт ; гурӯҳи музокиракунандаи Тоҷикистон бояд то поёни имсол ё аввалҳои соли 2020 вориди Бишкек шаванд.

Вай таъкид кард,ки ҳамарӯза аз авзоъ дар марзи муштараки вилояти Бодканд бо Тоҷикистон иттилоъ дорад ва аз идомаи танишҳо дар ин минтақа миёни сокинони рӯстоҳои тоҷикнишин ва қирғизнишин нигарон аст.

Ба гуфтаи Соронбой Ҷинбеков ин мавзуъ дар чанд дидор бо Имомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Ӯ гуфт ; Қирғизистон тарҳи муъовизаи заминро ҳам барои поёндодан ба ихтилофҳои марзӣ ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Ӯ идома дод ; то ба ҳол музокира бо Тоҷикистон натиҷаҳои матлубе надоштааст.

Бо вуҷуди музокираҳои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштарак 720 киллометрӣ ду кишвар дар 25 соли ахир фақат 520 киллометр аз ин хатти марзӣ аломатгузорӣ шудааст.

Аломатгузорӣ нашудани боқимондаи хатти марзии ду кишвар даргирӣ ва танишҳои зиёдеро байни сокинони вилоятҳои Суғд ва Боканд ба иллати чигунагии истифода аз манобеъи об, роҳҳои иртиботӣ ва чарогоҳҳо эҷод кардааст.