Декабр 30, 2019 10:29 Asia/Dushanbe
  • Захмишудани як зани тоҷик бо тири қирғизҳо дар ноҳияи Исфара

Зане аз аҳолии рустои Сомониёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бар асари тир хурдан аз як автомати шикорӣ аз рутсои қирғизнишини Куктош захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуд.

Ба нақл аз Спутник, Иқбол Илиёсзода сухангӯи шаҳрдории ноҳияи Исфара бо таиди ин ҳодиса гуфтааст, Тайиба Сафарова 24 сола, ки барои овардани об аз хона хориҷ шуда буд ҳадафи тирпаронӣ қарор гирифт ва ба шиддат захмӣ шуд.

Мақомоти интизомии ноҳияи Исфара мушаххас кардаанд, ки ин тир аз як автомати шикорӣ аз хонаи фарде ба номи Файзуллоҳ Назаров аз аҳолии рустои қирғизнишини Куктош партоб шудааст.

Ин ҳодиса чаҳорумин низоъ миёни сокинони рустоҳои марзии ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар моҳи декабр будааст.

Дар 18 декабр, бар асари даргирии сокинони рустои Сомониёни Тоҷикистон ва Куктоши Қирғизистон се тоҷик ва ду қирғиз аз ҷумла як корманди полис захмӣ шудаанд.

Бо вуҷуди музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои нишонагузории марзи муштараки 720 километрии ду кишвар дар 25 соли ахир фақат 520 километр аз ин хати марзӣ аломатгузорӣ шудааст.

Таин нашудани хатҳои марзии ду кишвар, даргирӣ ва танишҳои зиёдеро байни сокинони вилоятҳои Суғд ва Ботканд бар сари истифода аз манобеи об, роҳҳои иртиботӣ ва чарогоҳҳо эҷод кардааст.

 

Барчасп