Декабр 31, 2019 09:51 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти ҷаҳонгарди тоҷик ба Тоҷикистон

Фарҳод Калонов ҷаҳонгарди тоҷик эълом кард, баъд аз убур аз 52 кишвари ҷаҳон ба марзи Тоҷикистон расидааст ва ба зудӣ вориди кишвараш мешавад.

Ба нақл аз саҳифаи шахсии Фарҳод Калонов дар Инстаграм, вай гуфт, ки пас аз тай кардани 110 ҳазор километр акнун вориди Қирғизистон шуда ва аз марзи ноҳияи Исфара вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Вай ҳадаф аз ин сафар, ки ҳудуди 1 солу 7 моҳ тул кашидро эҳтизози парчами Тоҷикистон дар байни мардуми кишварҳои мухталиф, расондани пайёми сулҳу дӯстӣ ва ошно кардани онон бо одобу русуми тоҷикон эълом кард.

Фарҳод Калонов пас аз расидан ба шаҳри Уши Қирғизистон дар саҳифаи шахсии худ навишт, ки ин кишвар аз нигоҳи куҳистонӣ будан бо Тоҷикистон шабоҳатҳои зиёде дорад.

Ин ҷаҳонгарди тоҷик таъкид кард, ки дар ин муддат дурӣ аз хонавода ва наздикон барояш бисёр сахт буд ва хотироти зиёде барои гуфтан ба онон дорад.