Гузориши вижа. Дастури раисҷумҳури Тоҷикистон барои эҷоди сад ҳазор фурсати шуғлӣ дар сол
(last modified 2020-01-01T17:21:43+00:00 )
Январ 01, 2020 22:21 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури Тоҷикистон дастури эҷоди сад ҳазор фурсати шуғлӣ дар сол тавассути мақомоти ин ҷумҳуриро содир кард.

Бархе коршиносон бо таваҷҷуҳ ба мизони маош дар ин кишвар, ин иқдомро дар ҷиҳати таъмини ниёзҳои иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон бисёр ночиз дониста ва мегӯянд, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иқдоми муассиртаре барои коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон ва матлуб шудани вазъияти коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ва соири кишварҳои узви иттиҳод аст.