Имзои тавофуқномаи Тоҷикистон ва Афғонистон барои сохти роҳи оҳан
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49663-Имзои_тавофуқномаи_Тоҷикистон_ва_Афғонистон_барои_сохти_роҳи_оҳан
Тоҷикистон ва Афғонистон тавофуқномаи эҳдоси роҳи оҳан имзо карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 03, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи Тоҷикистон ва Афғонистон барои сохти роҳи оҳан

Тоҷикистон ва Афғонистон тавофуқномаи эҳдоси роҳи оҳан имзо карданд.

Ба гузориши “Форс”, Тоҷикистон ва Афғонистон барои эҳдоси роҳи оҳан миёни манотиқи Ҷалолуддини Балхӣ-Ҷайҳун - Панҷи поён (Тоҷикистон) бо Шерхон- бандар (Афғонистон) мувофиқатномаи муртабитро ба имзо расонданд.

Санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва аз ҷониби Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс, раиси идораи роҳи оҳани Афғонистон имзо карданд.

Ин санад дар ростои иттисоли хатти роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон - Туркманистон ва Чин – Қирғизистон –Тоҷикистон – Афғонистон - Эрон ва барои муттасил шудани масирҳои роҳи оҳани минтақа ва васл шудан ба бандарҳои обии Бандар-Аббос ва Чобаҳори Эрон ва Гвадари Покистон имзо шудааст.