Январ 08, 2020 14:15 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатмадори тоҷик: Оғози таниш бо Эрон поёни Амрико хоҳад буд.

Сиёсатмадори тоҷик гуфт: Дар сурати таниши шадид байни Эрон ва Амрико, Вашингтон муттаҳидини зиёде ҳатто дар миёни кишварҳои узви НАТО нахоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, Шодӣ Шабдолов, сиёсатмадори тоҷик дар нишасти хабарӣ бо ишора ба таниши феълӣ, ки байни Теҳрон ва Вашингтон баъд аз террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, генерали эронӣ дар Бағдод ба вуҷуд омада гуфт: Зоҳиран Трамп ва дафтари вай иттилооти кофӣ дар мавриди зарфияти низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Эронро надорад.

Ба гуфтаи ин сиёсатмадори тоҷик қудрати низомӣ ва иқтисодии имрӯзи Эрон метавонад бо муваффақият бо таҳдидҳои Амрико муқобила кунад ва изҳороти Трамп дар мавриди омодагии Вашингтон барои ҳамла ба мероси фарҳангии Эрон ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, ҳатто дар дохили худи Амрикоро дар мухолифат бо сиёсатҳои вай қарор додааст.

 

Барчасп