Сентябр 28, 2016 10:37 Asia/Dushanbe
  • Бузургмеҳр Ёров тамомии иттиҳомоти додгоҳро рад кард

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик дирӯз, 27-уми сентябр зимни сухани ниҳоияш дар додгоҳи Душанбе даъвои айбдоркунандаи давлатиро бепоя хонда, афзудааст, ки маҳз дар пайи чунин иттиҳомҳои сохта замоне бузургони миллат ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ҳукми қатл гирифтаанд.

Ба иттилои "Озодагон", Ёров изҳор доштааст, ки азмаш барои ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ рисолати вакилияш буд ва ҳеч робитаи дигаре дар миён нест.

Дар идома аз ҳамкораш Нуриддин Маҳкамов ҳимоя карда, гуфтааст, ки ташхис дар матлабҳои Маҳкамов ягон нишонаи ифротгароиро наёфтааст ва додрас набояд ба хулосаи танҳо муаллими донишгоҳ такя кунад.

Ёров бо ишора ба 25 соли ҳабс, ки додситонӣ талаб кардааст, афзуд “ман аз аввал ба барқарор шудани адолат дар парванда шубҳа доштам”. Ӯ суол гузоштааст, ки агар баррасии парванда мунсифона бошад, чаро масъулини додгоҳ ба ҳомиёни ҳуқуқ, дипломатҳо ва рӯзноманигорон иҷозат надоданд, ки дар мурофиа иштирок кунанд?

Ин дар ҳолест, ки масъулини додгоҳи шаҳри Душанбе баъди зуҳри 27-уми сентябр нагузоштанд, ки рӯзноманигорон, намояндагони САҲА ва дипломатҳои хориҷӣ суханҳои охирини вакилони боздоштшуда-Нуриддин Маҳкамов ва Бузургмеҳр Ёровро дар мурофиа шунаванд.

Қаблан Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси парванда хост, Бузургмеҳр Ёровро 25 сол равонаи зиндон кунад. Тақдирзода аз додрас хост, молу амволи Бузургмеҳр Ёров бо шумули манзил, мошин ва мағозаи ӯ мусодира шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои адвокати дигари боздоштшуда Нуриддин Маҳкамов, ки 23 соли зиндон талаб кард. Ӯ хост, Ёров ва Маҳкамов ба зиндони низомаш пурзӯр фиристода шаванд.

Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Ёрову Маҳкамов дар барангехтани кинаву адоват муттаҳам мешаванд.