Мамнӯияти ҳаракати таксиҳои модели 2014 ва пеш аз он дар шаҳри Душанбе
(last modified Wed, 15 Jan 2020 06:03:25 GMT )
Январ 15, 2020 11:03 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯияти ҳаракати таксиҳои модели 2014 ва пеш аз он дар шаҳри Душанбе

Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳаракати таксиҳои тавлидшуда то соли 2014-ро дар Душанбе мамнӯъ кард.

Ба нақл аз сомонаи Taj Week, бар асоси ин дастур, таксиҳое, ки тавлиди онҳо ба пеш аз соли 2014 бармегардад, ҳаққи тараддуд дар шаҳри Душанберо надоранд.

Ҷумъахон Давлатов, мудири идораи ҳамлу нақли шаҳрдории Душанбе гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом, ҷилавгирӣ аз олудагии ҳаво ва таъмини амнияти мусофирон аст.

Аз 2300 дастгоҳ васоили нақлияи дорои муҷаввизи мусофиркашонӣ дар пойтахти Тоҷикистон, танҳо 1271 мошин пас аз соли 2014 тавлид шудааст.

Бархе коршиносон мӯътақиданд, ки дар сурати иҷрои ин тарҳ, беш аз ҳазор ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе бекор хоҳанд шуд, зеро ҳамаи ронандагони таксӣ, тавони молии кофӣ барои хариди мошини ҷадид надоранд.