Дастрасии ҳудуди 5 дарсад аз сокинони рӯстоҳои устони Хатлон ба оби ошомиданӣ
Фақат ҳудуди 5 дар сад аз сокинони рӯстоҳои ноҳияи Хатлон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд.
Ба нақл аз сомонаи Спутник , нашрияи Садои мардуми парлумони Тоҷикистон дар мақолае навишт , фақат 5 дар сад аз ҷамъияти 2 миллиону 684 ҳазор нафарии сокинони минтақаҳои рӯстоии устони Хатлон оби ошомидании солим доранд.
Устони хатлон 1 ҳазору 601 рӯсто,бо ҷамъияти ҳудуди 2 миллиону684 ҳазор нафар дорад ,ки фақат 92 ҳазору 14 нафари онон аз оби ошомидании солим бархурдоранд.
Ҷумъа Бойғозиев яке аз масулони идораи оби устони Хатлон гуфт чанд соле аст ,ки мудирони маҳалӣ ба иллати набуди будҷа барои беҳбуди шабаки обрасонӣ ба рӯстоҳои ин ноҳия иқдом намекунанд.
Вай ибрози умедворӣ кард ,ки бо ихтисоси кумаки молии 58 миллион долларии Бонки ҷаҳонӣ барои обрасонӣ ба 5 ноҳияи устони Хатлон авзо беҳбуд пайдо кунад.
Вай таъкид кардааст ,ки таҷҳизоти шабакаи обрасонии устони хатлон дар даврони Шуравӣ сохта шуда ,ки акнун ба далели фарсуда шудан наметавонад ниёзи сокинони ин минтақа ба оби ошомидании солимро таъмин кунад.