Мушкилоти мамнӯияти ҳаракати таксиҳои модели 2014 дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i50136-Мушкилоти_мамнӯияти_ҳаракати_таксиҳои_модели_2014_дар_Душанбе
Мудири Ожонси таксиҳои мусофирбарӣ мавсум ба Атластаксӣ дар Душанбе муътақид аст, ки мамнӯияти ҳаракати таксиҳои модели 2014 ва пеш аз он дар пойтахти Тоҷикистон барои ронандагони ин худравҳо мушкилоти зиёдеро эҷод хоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 20, 2020 07:01 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти мамнӯияти ҳаракати таксиҳои модели 2014 дар Душанбе

Мудири Ожонси таксиҳои мусофирбарӣ мавсум ба Атластаксӣ дар Душанбе муътақид аст, ки мамнӯияти ҳаракати таксиҳои модели 2014 ва пеш аз он дар пойтахти Тоҷикистон барои ронандагони ин худравҳо мушкилоти зиёдеро эҷод хоҳад кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Таҳмина Баҳромова бо ишораи тасмими Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон мабнӣ бар мамнӯияти ҳаракати таксиҳои тавлидшуда то соли 2014 дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки бештари ронандагони таксиҳои феълӣ дар пойтахт аз воми хариди  худравҳои нав бархурдор нестанд ва нархи худравҳои модели нав низ бисёр гарон аст.

Вай афзуд, ин ашхос таксиҳои худро бо воми бонкӣ харидорӣ кардаанд ва ҳануз ин қарз ба бонкҳо бозпардохт нашудааст.

Мудири Атластаксӣ гуфт, дар ҳоле, ки суди бозпардохти вомҳои бонкӣ дар Тоҷикистон то 30 дарсад аст чигуна метавон бо доштани қарзи қаблӣ дубора иқдом ба хариди худравҳои нав кард.

Аммо Ҷумъахон Давлатов мудири Идораи ҳамлу нақли шаҳрдории Душанбе гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом пешгирӣ аз олӯдагии ҳаво ва таъмини амнияти мусофирон аст.

Аз ду ҳазору 300 дастгоҳ воситаи нақлиёти дорои иҷозатномаи мусофирбарӣ дар пойтахти Тоҷикистон танҳо ҳазору 271 худрав пас аз соли 2014 тавлид шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2018 қавонине тасвиб карда буд, ки бар асоси он воридоти худравҳои хориҷии тавлидшуда то соли 2005 мамнӯъ шуд.