Тасмими мақомоти Тоҷикистон барои фуруши саҳоми ширкати алюминий ва нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун
(last modified 2020-01-21T07:08:45+00:00 )
Январ 21, 2020 12:08 Asia/Dushanbe
  • Тасмими мақомоти Тоҷикистон барои фуруши саҳоми ширкати алюминий ва нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун

Коршиноси умури молии Русия муътақид аст, ки тасмими мақомоти Тоҷикистон барои фуруши саҳоми ширктаи алюминий ва нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун иқдоме одӣ аст.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Олег Багданов бо ишора ба тасвиби қонуни тасҳили сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ дар тарҳҳои муҳими Тоҷикистон дар парлумони ин кишвар гуфт, ки ин иқдом нишон медиҳад, ки ниёзи асосӣ барои ҷазби манобеи молии хориҷӣ вуҷуд дорад.

Ин ду тарҳ пеш аз ин дар моликияти давлати Тоҷикистон эълом шуда буд ва вогузории саҳоми онҳо ба сармоягузорони хориҷӣ ва бахши хусусии дохилӣ имконпазир набуд.

Акнун ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба далели мушкилоти молӣ тасмим ба вогузории бахше аз саҳоми ширкати алюминий ва нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун ба ширкатҳои хориҷӣ гирифтааст, ки умедвор аст сармояи мавриди ниёзро барои идомаи бозсозии корхонаи алюминий ва такмили сохти нерӯгоҳи Роғун ҷазб кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки омода аст барои ҷазби сармояи хориҷӣ ва манобеи молии бахши хусусӣ заминаи вогузории бахше аз саҳоми молии ин ду тарҳи роҳбурдиро фароҳам кунад.

Корхонаи алюминий Тоҷикистон бо коҳиши тавлиди маҳсулот ба бозсозии асосӣ ниёз дорад ва такмили сохти нерӯгоҳи барқ обии Роғун ҳам ниёз ба сармоягузории зиёди молӣ дорад.