Январ 23, 2020 12:22 Asia/Dushanbe
  • Боздошти аъзои хонаводаи рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон

3 нафар аз хешовандони наздики хонаводаи Тураҷонзодаҳо аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон боздошт шуданд.

Ба нақл аз Ахбори Осиёи марказӣ, Наъимҷон латифӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва  домоди Нуриддинҷон Тураҷонзода яке аз рӯҳониёни маъруф боздошт шудааст.

Гуфта мешавад иллати боздошти онҳо,узвият дар гурӯҳи Ихвонумуслиимн аст.

Ҳамзамон бо ин падари Наъимҷон , дуктур Маҳмудҷон Латифӣ низ боздошт шудааст.

Дуктур Маҳмудҷон Латифӣ дар гузашта устоди риштаи арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Пеш аз ин расонаҳои гурӯҳии фаол дар тоҷикистон аз боздошти Исмоил Қаҳоров, шавҳари хоҳари Тураҷонзода дар иртибот бо парвандаи ёдшуда хабар дода буданд.

Исмоил Қаҳоров , шоир ва муҳақиқи улуми исломӣ аст.