Интисоби се вазири ҷадид дар кобинаи Тоҷикистон
(last modified Fri, 24 Jan 2020 13:23:20 GMT )
Январ 24, 2020 18:23 Asia/Dushanbe
  • Интисоби се вазири ҷадид дар кобинаи Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аҳкоми ҷудогона вазирони иқтисод, фарҳанг ва маорифро барканор кард.

Ба гузориши “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аҳкоми ҷудогона Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми ин кишварро барканор кард.

Раҳмон дар аҳкоми дигар Завқӣ Завқизодаро ба унвони вазири ҷадиди рушди иқтисод ва тиҷорат, Зулфия Давлатзодаро ба унвони вазири ҷадиди фарҳанг ва Муҳаммадюсуф Имомовро ба симати вазири ҷадиди маориф ва илм мансуб кард.  

Вазири ҷадиди рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз соли 2017 то кунун муовини аввали ин вазоратхона будааст.

Вазири нави фарҳанги Тоҷикистон низ то кунун муовинати аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва хонаводаро бар ӯҳда доштааст.

Ҳикматуллоҳзода низ, ки аз соли 2015 то ба имрӯз вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон будааст, ба симати дастёри раисҷумҳури ин кишвар дар умури иқтисодӣ таъйин шуд.

Нуриддини Саид ҳам бо дастури раисҷумҳур ба унвони раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мансуб шудааст.