Январ 26, 2020 09:44 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти 5 шаҳрванди Тоҷикистон, Русия ва Беларус ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир

Додгоҳи шаҳри Липинский дар маркази Русия як гуруҳи байналмиллалии қочоқи маводи мухаддирро, ки шаҳрвандони Русия, Беларус ва Тоҷикистон ҳастанд, ба зиндони тӯлонимуддат маҳкум кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, мақомоти додситонии вилояти Липинский гуфтаанд, ки аъзои ин гуруҳ, ки синну соли онон байни 29 то 49 сол аст, дар соли 2017 боздошт шуда ва ҳангоми бозрасӣ аз хонаҳо ва махфигоҳҳои онон наздик ба 2 кило героин кашф ва забт шудааст.

Бо ҳукми додгоҳи минтақа, танҳо зани узви ин гуруҳ, ки вазифаи фуруши героинро бар уҳда дошт ба 19 сол ва чаҳор нафари дигар ба 12 то 17 сол зиндон маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони Созмони зиндонҳои Русия ҳамакнун дар ин кишвар беш аз 28 ҳазору 780 зиндонии хориҷӣ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, ки беш аз ҳафт ҳазор нафар аз онон тоҷик ҳастанд.

Аксари тоҷикҳо дар Русия ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, иртибот бо гуруҳҳои террористӣ, сирқат ва ҷурмҳои ахлоқӣ маҳкум шудаанд.

Барчасп