Тавзеҳи мақомоти тоҷик дар мавриди боздошти теъдоде аз аъзои Ихвонулмуслимин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i50389-Тавзеҳи_мақомоти_тоҷик_дар_мавриди_боздошти_теъдоде_аз_аъзои_Ихвонулмуслимин
Бо гузашти ҳудуди як моҳ аз боздошти теъдоде аз аъзои Ихвонулмуслимин, мақомоти Тоҷикистон барои нахустин бор дар ин бора изҳори назари расмӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 28, 2020 13:02 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи мақомоти тоҷик дар мавриди боздошти теъдоде аз аъзои Ихвонулмуслимин

Бо гузашти ҳудуди як моҳ аз боздошти теъдоде аз аъзои Ихвонулмуслимин, мақомоти Тоҷикистон барои нахустин бор дар ин бора изҳори назари расмӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Юсуф Раҳмон Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе эълом кард, то кунун 113 нафар ба иллати узвият дар гуруҳи Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон боздошт шуданд.

Ба гуфтаи Додситони кулли Тоҷикистон 20 нафар аз боздоштшудагон корманди донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар ҳам мақоми ҳукуматӣ дар шаҳристони Исфара аст.

Юсуф Раҳмон овозаҳои боздошти ду мақоми баландпояи ҳукуматии дигар дар ин парвандаро такзиб кард.