Феврал 01, 2020 09:56 Asia/Dushanbe
  • Тахаллуфоти ширкати сохтмонсозии Комили Тоҷикистон

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон эълом кард , ширкати сохтмонсозии Комил меъёрҳои фанниро дар сохти воҳидҳои маскунӣ риоят накардааст.

Ба нақл аз сомонаи Осиё плюс , Ҷамшед Аҳмадзода дар нишасти хабарӣ гуфт ; ки ширкати ёдшуда ,ки мутаалиқ ба Бек Зуҳур раиси хадамоти давлатии мухобирот ва иртибототи ин кишвар аст , меъёрҳои фаннӣ ва умрониро дар сохти бино риоят накардааст ва сохтмонҳои сохташуда истеҳком ва имении лозимро надоранд.

Вай бо санад ва мадрак гуфт ; мушахас шуда ,ки ин ширкат муртакиби тахаллуфоти зиёде дар сохту сози манзилҳои маскунӣ шудааст.

 Раиси Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон афзуд ; яке аз тахаллуфоти муғоёир будани теъдоди табақоти сохташууда бо муҷавизҳои содирҳост.

Ӯ гуфт ; теъдоди манзилҳо ва табақоти сохта шуда бештар аз деъдоди табақоте аст, ки дар муҷавизҳо қайд шудааст.

Ҷамшед Аҳмадзода афзуд ; дар мавориде ҳам ин ширкат бедоштани муҷавиз манзилҳои маскунӣ сохтааст.

Ширкати сохтмонии Комил ба номи Сиёваш Зуҳуров писари Бек Зуҳур раиси хадамоти давлатии мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон сабт шудааст.