Додгоҳ дархости озодии муваққати Далер Шарифовро рад кард
(last modified 2020-02-05T06:33:13+00:00 )
Феврал 05, 2020 11:33 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳ дархости озодии муваққати Далер Шарифовро рад кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе бо дархости вакилони мудофеи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик барои озодии вай то замони баргузории ҷаласаи муҳокима мухолифат кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Абдураҳмон Шарипов ва Гулгуна Шоҳзодаева вакилони мудофеи Далер Шарипов пас аз мулоқот бо шахси зерҳимояи худ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давалтии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки додгоҳ бо дархости онон барои тағйири шароити боздошт ба озодии машрут то замони баргузории додгоҳ мухолифат кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҳерлим Дизер, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо ирсоли номае ба мақомоти Тоҷикистон, хостори озодии фаврии Далер Шарифов шудааст.

Ҳамчунин 8 созмони байналмилалии ҳуқуқи башар ва 27 рӯзноманигори тоҷик ҳам озодии Далер Шарифовро хостор шудаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран дар баёнияе иллати боздошти Далер Шарифовро интишори матолиби тарвиҷкунандаи ифротгароӣ эълом кардааст.

 

 

Барчасп