Феврал 05, 2020 13:56 Asia/Dushanbe
  • Карантини 150 мусофири бозгашта аз Чин дар вилояти Суғд

Беш аз 150 нафар дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон барои баррасии эҳтимоли ибтило ба коронавирус карантин шуданд.

Раиси вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон, аз карантин шудани 157 нафар аз сокинони ин вилоят дар иртибот бо бемории коронавирус хабар дод.

Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи Facebook ба нақл аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд навиштааст, ки афроди карантиншуда, ки аз Чин бозгаштаанд, 14 рӯз дар маконе вижа таҳи назорати пизишкони мутахассис қарор хоҳанд дошт.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, дар 16 посгоҳи марзии вилояти Суғд таҷҳизоти махсуси пизишкӣ барои муоинаи шаҳрвандоне, ки аз Чин бозмегарданд, насб шудааст.