Ирсоли 2 миллиарду 700 миллион доллар аз суи коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар 2019
(last modified 2020-02-06T04:35:48+00:00 )
Феврал 06, 2020 09:35 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 2 миллиарду 700 миллион доллар аз суи коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар 2019

Раиси Банки миллии Тоҷикистон гуфт; коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли гузаштаи милодӣ 2 , миллиарду 700 миллион доллар даромади худро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол доданд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти хабарӣ масулони ин Банк дар шаҳри Душанбе гуфт; ин дар ҳоле аст,ки дар соли 2018 коргарони муҳоҷири тоҷик ҳудуди 2 миллиарду 500 миллион доллар аз Русия ба Тоҷикистон ирсол карданд.

Аммо чанде пеш  Игор Фролов сафири Русия дар Тоҷикистон бо ишора ба афзоиши 20 дар садии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар соли 2019 дар муқоиса бо сли 2018 гуфт; ки ин мизон то поёни соли 2019 ба 3 миллиард доллар мерасад.

Даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2014 ва пеш аз замони таҳрими Русия аз суи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ ба ҳамин мизон будааст.