Назорати Кумитаи иҷроии Ҳамсуд бар интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз 10 феврал
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i50687-Назорати_Кумитаи_иҷроии_Ҳамсуд_бар_интихоботи_парлумонии_Тоҷикистон_аз_10_феврал
Ба даъвати Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз 10 феврал нозирони Кумитаи иҷроии Ҳамсуд фаъолияти худ дар ин кишварро оғоз мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 08, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Назорати Кумитаи иҷроии Ҳамсуд бар интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз 10 феврал

Ба даъвати Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз 10 феврал нозирони Кумитаи иҷроии Ҳамсуд фаъолияти худ дар ин кишварро оғоз мекунанд.

Ба нақл аз Форс, фаъолияти нозирони ин Созмон то 3 уми моҳи Март идома дорад.

Фаъолияти нозирони Кумитаи Ҳамсуд ба таври мустақим дар минтақае аст,ки имкони тамоси доимӣ бо Камисиюнҳои интихоботи маҳалӣ ва ҳузури расонаҳо нест.

Назорат бар дидорҳои мустақими номзадҳои Маҷлиси намояндагон , раёсати аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони расмии Ниҳодҳои давлатӣ аз муҳимтарин иқдомҳои намояндагони Кумитаи кишварҳои Ҳамсуд дар интихоботи Тоҷикистон аст.

Интихоботи Тоҷикистон аввали моҳи март баргузор мешавад.