Феврал 12, 2020 11:49 Asia/Dushanbe
  • Боздошти  як тоҷик дар Маскав барои шӯхӣ бо мавзӯи вируси корона

Додгоҳи ноҳияи Черёмушкинои шаҳри Маскав, ҳукми боздошти як табааи Тоҷикистонро, барои интишори навори шайтанатомези саҳнасозии хурӯҷи коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоӣ содир кард.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати кишвари Русия, Кароматулло Ҷабборов саҳнасозии шайтанатомези 4 нафарро дар метрои шаҳри Маскав дар интернет мунташир кард, ки бо эъломи вуҷуди вируси корона, мӯҷиби фирори мусофирон шудаанд.

Кароматулло Ҷабборов акнун дар боздошт ба сар мебарад.

Гуфта мешавад, ин 5 нафар, ки аз атбои Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ҳастанд, дар ҳузури мусофирон бо кашидани ниқоб бар чеҳра эълом кардаанд, ки яке аз онон гирифтори вируси корона шудааст.

Ин фард низ худро ба кафи қатор партоб карда ва вонамуд кардааст, ки аз ҳуш меравад.

Ин ҳодиса мӯҷиби фирори мусофирон ба вагонҳои дигар шудааст.

Мақомоти қазоии ноҳияи Черёмушкинои шаҳри Маскав акнун бо эъломи иттиҳоми авбошӣ ва ташвиши мардум, алайҳи Кароматулло Ҷабборов вайро боздошт кардааст.