Дархости Сандуқи Байналмиллалии Пул аз мақомоти Тоҷикистон барои мушахас кардани вазъияти Бонкҳои кишвар
(last modified 2020-02-13T06:19:02+00:00 )
Феврал 13, 2020 11:19 Asia/Dushanbe
  • Дархости Сандуқи Байналмиллалии Пул аз мақомоти Тоҷикистон барои мушахас кардани вазъияти Бонкҳои кишвар

Сандуқи Байналмиллалии Пул аз ҳукумати Тоҷикистон хост,ки вазъияти ду Бонки буҳронзадаи Содирот ва Сармоягузории кишоварзиро мушахас кунад.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷ вик, пас аз машваратҳои Сандуқи Байналмиллалии Пул бо мақомоти иқтисодӣ ва бонкии Тоҷикистон дар моҳи январи соли гузашта, намояндагони ин ниҳоди молӣ, ислоҳот дар низоми бонкии кишварро барои эҷоди эътимоди муштариёни зарурӣ медонанд.

Ин дар ҳоле аст,ки дар соли 2019 ҳайати эъзомии Сандуқи Байналмилаллии Пул  дар музокира бо мақомоти иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод кард,ки ҳукумат, Бонкҳои Содирот ва Сармоягузории Кишоварзиро варшикаста эълом ва иҷозатномаи фаъолияти ин ду Ниҳоди молиро лағв кунанд.

Подо Муҷоҳондивол мудири дафтари сандуқи байналмиллалии пул дар Тоҷикистон дар ин музокираҳо аз мақомоти Тоҷикистон  дархост кард,ки ҳарчи сариътар қарзҳои Бонкҳо ба муштариёнро пардохт кунанд.

Ӯ афзуд ; бар асоси пеҳниҳоди Сандуқи Байналмиллалии Пул иҷроии ислоҳоти иқтисодӣ дар ин ду Бонк зарурӣ аст.

Ҳамчунин мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон эълом карданд,ки муҳлати 3 солаи ҳукумати Тоҷикистон ба ду Бонки буҳронзадаи Содирот ва Сармоягузории кишоварзӣ барои пардохти қарзаш ба талабкорон ва давлат дар соли 2019 ба поён расидааст.