Тамдиди муҳлати дарёфти симкорт дар Тоҷикистон бо шиносномаҳои қадимӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i50905-Тамдиди_муҳлати_дарёфти_симкорт_дар_Тоҷикистон_бо_шиносномаҳои_қадимӣ
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон муддати дарёфти симкорт бо шиносномаҳои қаблиро тамдид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 15, 2020 17:10 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди муҳлати дарёфти симкорт дар Тоҷикистон бо шиносномаҳои қадимӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон муддати дарёфти симкорт бо шиносномаҳои қаблиро тамдид кард.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюз, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармоне муддати хариди симкортҳои телефони ҳамроҳ барои шаҳрвандони ин кишвар бо шиносномаҳои қаблиро, ки 15 феврали имсол ба поён мерасид, то 15 феврали соли 2022 тамдид кард.

Ҳадаф аз ин иқдом додани фурсате дигар ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои таъвизи шиносномаҳои қаблӣ бо кортҳои миллии нав аст, ки аз соли 2014 доштани онҳо илзомӣ аст.

Чанде пеш мақомоти ҳукуматӣ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархост карда буданд, ки ба далели бисёрии мардум дар идораҳои гузарнома барои дарёфти кортҳои миллӣ ва муваффақ нашудани теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ин кишвар ба таъвизи шиносномаҳои қадимӣ муддати таъвизи ин шиносномаҳоро тамдид кунад.