Феврал 16, 2020 11:53 Asia/Dushanbe
  • Худдории Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз сабтиноми 3 номзади интихоботӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз сабтиноми 3 нафар ба унвони номзадҳои интихоботии парлумонии моҳи март худдорӣ кардааст.

Ба нақл аз Ховар, ин комиссия далели сабтином нашудани А. Каримов дар ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ дар вилояти Хатлонро кам будани синну соли вай барои номзадшудан дар интихоботи парлумонӣ эълом кардааст.

Бар асоси қонуни интихоботи Тоҷикистон синни номзадҳо бояд бештар аз 30 сол бошад.

Ин дар ҳолест, ки Комиссияи  интихоботи маҳалии ҳавзаи Ҷалолиддин Балхӣ ин фардро бо вуҷуди кам будани синну солаш ба унвони номзади интихоботи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон сабтином карда буд.

Ҳамчунин  бар асоси мусаввабаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз тайиди салоҳияти З. Солиҳов  ва А. Садиров аз ҳавзаҳои интихоботии  Файзобод ва Қубодиён худдорӣ карда, аммо дар хусуси иллати радди салоҳиятҳо тавзеҳоте дода нашудааст.

Дар баёнияи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки 5 ҳазору 800 сомонӣ маблағи гарав, ки бояд номзадҳои интихоботи парлумонӣ барои сабтином пардохт кунанд ба ин 3 нафар бозгардонда хоҳад шуд.

Интихоботи парлумонӣ ва шуроҳои маҳалли Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи март баргузор мешавад.

Барчасп