Феврал 17, 2020 11:03 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти содирот дар Тоҷикистон; сифати пасти тавлидот ва судҳои бонкӣ

Иқтисоддони тоҷик, мушкили асосӣ дар содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро сифати пасти ин колоҳо ва қарзҳои бонкӣ бо суди бисёр баланд донист.

Ба нақл аз Спутник, мудири Пажуҳишгоҳи иқтисод ва рушди ҷамъияти вобаста ба Фарҳангистони  улуми Тоҷикистон гуфтааст, ки тарҳи ҳукумати ин кишвар барои ҷойгузин кардани маҳсулоти дохилӣ ва коҳиши воридоти ибтикорӣ ба ҳангом аст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров афзуд, аммо барои расидан ба ин муҳим бояд дар иқдоми нахуст, ҳукумат бо бознигарӣ дар сиёсатҳои иқтисодӣ, ниёзи бозори дохилиро ба маҳсулоти босифати саноатӣ, ки дар корхонаҳои ин кишвар тавлид мешавад, таъмин кунад.

Вай бо ишора ба таҷрибаи Тоҷикистон дар саноати семент гуфт, дар чанд соли ахир бо сохти корхонаҳои нав, ниёзи дохилии ин кишвар таъмин шуд, зимни инки Тоҷикистон ҳамасола як севвум аз наздик ба 4 миллион тонна сементи тавлидиро ба хориҷ ва ба вижа Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир мекунад.

Ин коршиноси иқтисодӣ афзуд, мушкили аслӣ дар афзоиши содироти маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба хориҷ фаолияти низоми бонкии ин кишвар аст, ки бо эътои қарзҳое бо суди бисёр баланд фаолони саноатиро дар маърази варшикастагӣ қарор медиҳад.

Умаров ислоҳоти низоми бонкӣ, насби таҷҳизоти нав дар корхонаҳои тавлидӣ ва эътои таслиҳот ба содиркунандагонро аз роҳҳои афзоиши содироти маҳсулоти саноатии Тоҷикистон баршуморд.

Барчасп