Феврал 19, 2020 10:46 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ташдиди муҷозоти шаҳрванди тоҷикистонӣ дар Маскав барои шӯхӣ бо коронавирус

Вакили мудофеи Кароматулло Ҷабборов, шаҳрванди тоҷикистонӣ, ки дар Маскав ба иттиҳоми интишори видеои шайтанатомез дар бораи хурӯҷи коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шудааст, аз эҳтимоли муҷозоти муваккилаш хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Tajik Te, Роман Шахматов гуфтааст, ки мақомоти додгоҳи ноҳияи Черемушкинои шаҳри Маскав, пеш аз ин Кароматулло Ҷабборовро ба иттиҳоми авбошӣ боздошт карда буданд, иттиҳоми ӯро ба иқдоми барномарезишуда барои ташвиши хотири умумӣ тағйир додаанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар сурати собит шудани ин иттиҳом, додгоҳ метавонад Ҷабборовро ба 7 соли зиндон маҳкум кунад.

Кароматулло Ҷабборов видеое аз саҳнасозии шайтанатомези 4 нафарро дар метрои шаҳри Маскав дар интернет мунташир кард, ки дар он афрод бо эъломи вуҷуди коронавирус, мӯҷиби фирори мусофирон шуданд.

Гуфта мешавд, ин 5 афрод аз атбои Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ҳастанд. Онҳо дар ҳузури мусофирон бо кашидани ниқоб бар чеҳра вонамуд кардаанд, ки яке аз онон гирифтори коронавирус шудааст.

 

 

Барчасп