Қадрдонии раиси ҷумҳури Чин аз Тоҷикистон барои ҳимояти ин кишвар дар мубориза бо бемории Карона
Феврал 20, 2020 13:25 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳури Чин аз Имомалӣ Раҳмон, ба хотири ҳимоят аз иқдомҳои Чин барои мубориза бо вируси Карона қадрдонӣ кард.
Ба нақл аз Ховар, Си Ҷин Пин, дар номаи ирсоле гуфт ; кишвараш аз имконот, тавон ва иродаи кофӣ барои маҳори бемории Карона бархурдор аст.
Тоҷикистон аз оғози шуюъи вируси Карона ҳамвора аз барномаҳои давлати Чин дар ин замина ҳимоят карда ва миқдоре кумакҳои башардӯстонаи пизишкӣ низ ба он кишвар ирсол кардааст.
Раиси ҷумҳури Чин ҳамзамон бо ёдоварии ҳамкориҳои мусбати ду кишвар таъкид кард,ки барои густариши равобит бо Тоҷикистон талош хоҳад кард.
Чин яке аз аслитарин шарикони сиёсӣ ва тиҷории Тоҷикистон аст.