Имзои тафоҳумномаи муштараки кантроли маводи мухаддир байни мақомоти Тоҷикистон ва Созмони амнияти Аврупо
(last modified 2020-02-22T07:00:04+00:00 )
Феврал 22, 2020 12:00 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи муштараки кантроли маводи мухаддир байни мақомоти Тоҷикистон ва Созмони  амнияти Аврупо

Тоҷикистон тафоҳумномаи амалии муштарак барои кантроли маводи мухаддирро бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо имзо кард

Ба нақл аз Ховар , Шерхон Салимзода мудири Ожонси кантроли маводи мухаддири вобаста ба раёсати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Флорин Разбергер раиси бахши сиёсии - низомии дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ин тарҳро имзо карданд.

Ин тарҳ шомили омӯзиш ва бозомӯзии мурабиёни ҳирфаӣ аз миёни кормандони ҷавон, дар заминаи мубориза бр қочоқи маводи мухаддир, иҷроии иқдомҳои мубориза бо маводи мухадир барои коҳиши эътиёд, тарвиҷи як нигариши таҳамулпазир нисбат ба гурӯҳҳои осебпазири барномаҳои ҷамъӣ аст.

Шерхон Салимзода дар идомаи маросим гуфт ;  вурӯд ва тавзеъи маводи мухаддири нав ва маводи равонгардон ба кишвар нигаронкунандааст.

Мудири Ожонси кантроли маводи мухаддири вобаста ба раёсати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Флорин Разбергер раиси бахши сиёсӣ - низомии дафтари барномаи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар бораи вазъияти маводи мухаддир дар Тоҷикистон , минтақа ва ҳамчунин иқдомҳои иҷрошудаи давлат барои кантроли вруди маводи мухаддири нав ба кишвар , пешгири аз эътиёд ва тарвиҷи шеваи зиндагии солим дар байни мардум гузориш дод.