Феврал 23, 2020 11:07 Asia/Dushanbe
  • Супориш раисиҷумҳури Тоҷикистон барои хизмати ҳарбии фарзандони мақомот

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки заминаи эъзоми фарзандони вазирону вакилон ва кормандони баландпояи давлат ба хизмати ҳарбӣ фароҳам шавад.

Ба нақл аз Спутник, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки бояд ба сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро ба поён мерасонанд имтиёзҳои муайян, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба коллеҷу литсейҳо ва аз рӯи ихтисос бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шавад.

Вай таъкид кард, ки фарзандони роҳбарони ҳамаи зинаҳо, аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парлумон то раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон ҳама бояд ба хизмати ҳарбӣ эъзом шаванд, зеро тамомии шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи яксоне доранд ва мақомоти давлатӣ бояд барои дигар қишрҳои ҷомеа намунаи пойбандӣ ба қавонин бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, ки ҷавонон дар хизмати ҳарбӣ бояд давраҳои омӯзишии тахассусии барқ. лулакашӣ, ронандагӣ ва таъмири худравро бигузаронанд, то пас аз поёни хизмат дар ширкатҳо ва корхонаҳо истихдом шаванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба сарбозон дар давраи хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳ таъкид кард.

Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои эъзоми фарзандони мақомоти давлатӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҳоле содир шуд, ки ин мавзӯъ то кунун мавриди интиқоди маҳфилҳои коршиносӣ ва расонаҳои хабарӣ ва яке аз баҳонаҳои фирори ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ будааст.

 

Барчасп