Феврал 25, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Тазаккури қазоӣ ба волидон дар вилояти Суғд

Соли гузашта дар вилояти Суғд 2 ҳазору 598 волидайн барои иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маводи маъмурӣ ба расмият дароварда шудааст.

Сардори Раёсати умури дохилиӣ дар вилояти Суғд гуфт, нисбати 27 нафар волидайн барои роҳ надодани фарзандони худ ба муассисаҳои таълимӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба гуфтаи  генерал Абдулло Навҷувонов маъмурони полис дар соли гузашта 159 силоҳро кашф ва забт карданд ва дар ҳамин иртибот алайҳи 3 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Маъмурони полис дар соли гузашта  ҳамчунин ҳудуди 175 килограм маводи мухаддир кашф ва заб кардаанд. Дар айни ҳол 152 маврид қочоқи коло ва маҳсулот дар вилоят ба арзиши 5 миллиону 432 ҳазору 337 сомонӣ кашф шуд.