Феврал 25, 2020 15:23 Asia/Dushanbe
  • Марги аъзои як оила бар асари сӯхтор

Бар асари сӯхтори як манзили маскунӣ тамомии аъзои як оила дар шимоли Тоҷикистон ҷон бохтанд.

Ба нақл аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сӯхтор субҳи имрӯз, 25-уми феврал, соати тахминан 03:04 дақиқа дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст ва боиси марги фоҷеавии чор узви як оила шудааст.

Бар асоси иттилооти бадаст омада аз сӯи шуъбаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони оташгирифта аз они Абдумавлон Раҷабов буда, ки фарзанд ва хонаводаи ӯ дар он зиндагӣ мекарданд.

Падари хонадон Абдуалӣ Раҷабов 28 сол дошта, ҳамсараш Сайида Раҷабова 25-сола будааст. Ду тифли онҳо Сафияи чорсола ва Кабирҷони сесола низ дар канори волидон ҳалок шуданд.

Кормандони хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар муддати кутоҳ сӯхтори азимро хомӯш карданд, вале натавонистанд ҷони чор тан аъзои ин хонадонро аз марг наҷот диҳанд.

То ҳол иллати сӯхтор эълом нашудааст.