Феврал 26, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Мақоми тоҷик: “Корона” ба Тоҷикистон нарасидааст

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон итминон дод, дар қаламрави Тоҷикистон то ба ҳол ҳеҷ фарди мубтало ба вируси “корона” мушоҳида нашудааст.

Ба гузориши “Форс”, Мирҳамиддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, аз миёни 1148 шаҳрванди ин кишвар, ки қарантина шуда буданд, 882 нафар мураххас шуданд.

Камолзода итминон дод, ки дар қаламрави Тоҷикистон то ба ҳол ҳеҷ фарди мубтало ба вируси “корона” мушоҳида нашудааст.

Вай гуфт, шаҳрвандоне, ки қарантина шуданд, ҳеҷ алоиме аз вируси “корона” надоштанд ва баъд аз озмоишҳои лозим мураххас шуданд.

Камолзода дар идома бо баёни ин ки дар байни касоне, ки қарантина шуданд, касоне низ буданд, ки таб доштанд, гуфт: “Мо тамоми озмоишҳои лозимро анҷом ва барои итминони қатъӣ ба Маскав мефиристем”.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, дар қаламрави Афғонистон ҳамакунун вируси “корона” мушоҳида шудааст, аз ин рӯ тасмим гирифтем контрол дар гузаргоҳҳои марзӣ бо ин кишвари ҳамсояро сахттар кунем.

Вай дар идома гуфт, албатта баста шудани комили марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳанӯз анҷом намешавад.

Камолзода афзуд, кормандони Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар гузаргоҳҳои марзӣ ҳастанд ва вазъият дар он ҷо таҳти контроли комил қарор дорад.

Вай гуфт: мо бо мақомоти зирабти Афғонистон ҳамкории наздике дорем то аз вуруди вируси "корона" ба қаламрави Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ ҷилавгирӣ кунем.