Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, пешрафт ва амнияти кишвар дар гарави ҳамкорӣ бо ҳукумат
(last modified 2020-02-29T04:42:36+00:00 )
Феврал 29, 2020 09:42 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, пешрафт ва амнияти кишвар дар гарави ҳамкорӣ бо ҳукумат

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муътақид аст барои ин Ниҳод, ҳамкорӣ бо ҳукумати кишвар беҳтар аз низоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҷамуот дар хиёбонҳо аст.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Шукурҷон Зуҳуров иддаои ҳамкории беқайду шарти ин ниҳоди қонунгузорӣ бо ҳукуматро рад кард.

Вай гуфт; дар 5 сол фаолият дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мувафақ шуд мабоҳиси муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро дар ҷаласоти Маҷлис матраҳ ва ҳал кунад то аз буруз ва ошуб дар кишвар пешгири шавад.

Ба гуфтаи зуҳуров иддае аз сиёсатбозон, мухолифони хориҷнишин ва бархе аз расонаҳои хабарии хориҷӣ чунин вонамуд мекунанд ,ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як ниҳоди ташрифотие аст,ки тамоми тарҳҳои ироашуда аз тарафи ҳукумати ин кишварро бетағйир ва ислоҳ тасвиб мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон афзуд ; намояндагон ва масулони иҷроии ҳукумат ҳар ду як ҳадафи муштарак дорем ва он рушд ва пешрафти Тоҷикистон аст.