Раиси Ҳизби демократ: Ба раъйҳои мардум эҳтиром мегузорем
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, ки ҳизбаш ба раъйҳои мардуми ин кишвар эҳтиром мегузорад.
Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Сйидҷаъфар Усмонзода ҳангоми раъйдиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе гуфт, ки натоиҷи интихоботи парлумонии Тоҷикистон бастагӣ ба раъйҳои мардуми ин кишвар дорад ва Ҳизби демократ барои интихоби мардум эҳтиром қоил аст.
Вай таъкид кардааст, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии рӯзи аввали моҳи март, 4 номзад аз ҳавзаи воҳиди ҳизбҳои сиёсӣ ва 8 номзадро аз ҳавзаҳои инфиродӣ барои вуруд ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа кардааст.
Усмонзода, ки дар давраи қаблии Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихобияи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон вориди Парлумон шуда буд, афзуд ки дар ин муддат борҳо бо раъйдиҳандагони ин ҳавза дидор ва барои ҳалли мушкилоти онон талош кардааст.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон идомаи талошҳо барои такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ва беҳбуди авзои иқтисодии ин кишварро, аз муҳимтарин барномаҳои ин ҳизб барои Маҷлиси нави қонунгузории Тоҷикистон унаан кард.