Март 03, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Натиҷаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон ғайриқобилиқабул аст

Муовини раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон натоиҷи интихоботи парлумонии Тоҷикистонро напазируфт.

Ба нақл аз ТопТҷ, Шокирҷон Ҳакимов гуфт, бар асоси эъломи Камиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон Ҳизби сотсиал демократ факат 13 нафар ба номзадҳои муаррифишудаи ин ҳизб овоз доданд, ки ин ғайриқобилиқабул аст.

Вай интишори эътироз ба натоиҷи интихоботро аз ихтиёроти раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон эълом кард. 

Ба гуфтаи Ҳакимов Камиссиони марказии интихобот натоиҷи интихоботи парлумонии Тоҷикистонро бо 1 соату 15 дақиқа таъхир эълом кард ва ба Ҳизби сотсиал демократ низ фурсати эътироз надоданд. 

Ӯ гуфт, Камиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард, ки Ҳизби сотсиал демократи ин кишвар фақат 0.3 дарсади овозҳоро касб кардааст, ки бо ин теъдод овоз ба Маҷлиси Тоҷикистон роҳ пайдо накардааст.

Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи парлумонии ин кишвар шубҳа дошт, вале баъд масъулони ин ҳизб тасмим гирифтанд дар ин интихобот ширкат кунанд. 

Ин ҳизб дар се давра аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар солҳои 2005, 2015 ва 2020 натавонист намояндаеро ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар бифристад.

Масъулони ин ҳизб иллати нокомӣ дар интихоботи парлумониро мавзеи мухолифи ин гурӯҳи сиёсӣ бо ҳукумати Тоҷикистон эълом мекунанд.