Март 03, 2020 10:56 Asia/Dushanbe
  • Норизоятии Зоиров аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократ аз натиҷаҳои интихоботи парлумонии Тоҷикистон ибрози норизоятӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Зоиров дар саҳифаи Фейсбуки худ дар таърихи 2 март навиштааст, ки ҳизбаш натиҷаҳои расмии интихоботи парлумонии 1 мартро ба расмият намешиносад.

Раиси Ҳизби сотсиал демократ дар ин замина дастандаркорони интихоботро ба гирифтани тасмими ғайриқонунии сиёсӣ муттаҳам кард.

Ҳануз мақомоти Камиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон ба иддаои Раҳматулло Зоиров посухе надодаанд.

Бар асоси эъломи расмии Камиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон, Ҳизби мухолифи сотсиал демократ бо касби камтарин мизони овоз аз роҳёбӣ ба парлумон бозмонд.

Бадин тартиб ин ҳизб танҳо нокоми интихоботи парлумонии Тоҷикистон аст, чаро ки намояндагони 6 ҳизби дигар муваффақ ба касби курсӣ дар маҷлис шуданд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи аввали март баргузор шуд.