Март 04, 2020 12:34 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо нахуствазири Қатар

Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо нахуствазири Қатар, масоили марбут ба афзоиши сармоягузории Қатар дар иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ба нақл аз Форс дар Душанбе, Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Доҳа бо шайх Холид ибни Халифа Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор масирҳои авлавиятдори ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва зерсохтӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн дар ин мулоқот алоқамандии худ барои афзоиши сармоягузориҳои қатарӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро иброз доштанд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ки дар раъси ҳайате вориди Қатар шуда, бо руасои бунёдҳои молӣ ва ширкатҳои мухталифи ин кишвар дидор кард.

 

 

Барчасп