Баррасии ҳамкориҳои амниятии Эрон ва Тоҷикистон
Март 04, 2020 15:39 Asia/Dushanbe
Густариши ҳамкориҳои амниятии Душанбе ва Теҳрон дар дидори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Низомиддин Зоҳидӣ ва Алии Шамхонӣ дар Теҳрон роҷеъ ба ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон ва Эрон дар муқобила бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфта баҳс ва табодули назар шуд.
Ду тараф дар ин дидор бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои амниятии Душанбе ва Теҳрон дар чорчӯби ёддошти тафоҳуми Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи амниятӣ таъкид карданд.
Барчасп