Март 05, 2020 12:30 Asia/Dushanbe
  • 
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар вилояти Хатлон

Раиси вилояти Хатлон як коргоҳи дӯзандагиро бо иштироки як корофари н ифтитоҳ кард.

Ҳоким бо иштироки соҳибкор як коргоҳи дӯзандаги ифтитоҳ кард.

Бо гузориши  радиои Бурунмарзи садои Хуросон бино ба маълумоти Азия Плюс Қурбон Ҳакимзода ин коргоҳро бо ҳузури яке аз корофарин Муқаддас  Султонова ифтитоҳ кард.

 Дар ҷаласаеки 14 октябри соли 2019 баргузор шуда буд ва  Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коргарон мулоқот дошт Муқаддас Султонова ба Эмомали Раҳмон гуфтки мехоҳад  як коргоҳ барои омӯзиши дӯзандагй ва фароҳам кардани кори доими барои занони маҳаллй ифтитоҳ кунад, аммо барои сохти коргоҳ тавоноии молиро надорад.

Пас аз он Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси вилоят дастур дод то ба у кӯмаки молй кунад.

Вай афзуд : Бо фармони президент раиси вилояти  Хатлон ба ӯ 450 000 сомони кӯмак кард.

Муқаддаси Султонова гуфт:  Дар ин коргоҳ 20 мошини дарздӯзи ва таҷҳизоти истеҳсоли мато мавҷуд буда 30 зани маҳаллй дар вилоят ба кор ҷалб карда шудааст.