Даҳ  сол зиндон барои яке аз сокинони вилояти Суғд ба иттиҳоми  ҳимоят аз ДИИШ
(last modified 2020-03-05T11:35:43+00:00 )
Март 05, 2020 16:35 Asia/Dushanbe
  • Даҳ  сол зиндон барои яке аз сокинони вилояти Суғд ба иттиҳоми  ҳимоят аз ДИИШ

 Яке аз сокинон шаҳри Хуҷанд дар вилояти Суғд ба иттиҳоми  ҳимоят аз ДИИШ  ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.

 Бино ба хабаргузории Спутник , мақомоти  милитсияи вилояти Суғд гуфтанд, ки Зуҳуриддин Ҷураеви  23 сола, ки сокин ноҳияи  Девоштич будааст дар тирамоҳи  декабри соли  2019 ба иттиҳоми таблиғи  афкоргароии террористии ДИИШ боздошт ва акнун бо ҳукми додгоҳи  шаҳри  Хуҷанд ба 10 сол зиндон маҳкум шудааст.

  Бар асоси иттиҳомоти нисбат дода шуда ба Ҷураев, вай дар замони  ҳузур дар Руссия  ба унвони коргари муҳоҷир бо дидани  филмҳои таблиғотии гурӯҳи  террористии  ДИИШ  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷонибдорӣ  аз амалкарди  ин созмони террористӣ  матлаб менавишт.

  Вай ҳамчунин бо ҳадафи  тавҷеҳи  иқдомоти  гурӯҳи  террористи ДИИШ ба ҷиноят ин созмон вокуниши мусбат нишон дода ва ҷонибдории  худро аз ин гурӯҳ эълом кард.

  Мақомоти  полиси  вилояти Суғд муддаӣ ҳастанд, ки Зуҳуриддин Ҷураев дар шабкаҳои иҷтимоӣ бо афроде, ки мухолифи  андешаҳои гурӯҳҳои такфири буданд мубоҳиса ва талош мекард , ки иқдомоти  террористии ДИИШ-ро ба номи ҷиҳод дар роҳи худо тавҷеҳ кунад.