Тамдиди боздошти Кароматулло Ҷабборов бо судури раъйи Додгоҳи ноҳия Черюшкинаи шаҳри Маскав
(last modified Sat, 07 Mar 2020 14:24:34 GMT )
Март 07, 2020 19:24 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди боздошти Кароматулло Ҷабборов бо судури раъйи Додгоҳи ноҳия Черюшкинаи шаҳри Маскав

Додгоҳи ноҳияи Черюшкинаи шаҳри Маскав боздошти Кароматулло Ҷабборови тоҷикро ба муддати ду моҳи дигар тамдид кард.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Кароматулло Ҷабборов аз кори худ изҳори пушаймонӣ кард ва аз ҳамаи ашхосе, ки аз иқдоми ӯ тарсиданд узрхоҳӣ кард. 

Дар муддати муҳокима Кароматулло Ҷабборов шаҳрванди тоҷик пушаймонии худро эълом кард, вай муҷозот ва ҳукми дар назар гирифта аз тарафи додгоҳ барои иқдоми худ баробари муҷозоти ҷурмҳое монанди дуздиро иқдоме сахтгирона донист ва аз додгоҳи Маскав хост то амали ӯро ба унвони шухии аҳмақона арзёбӣ кунанд. Тибқи қонуни 213 кайфарии Федератсия Русия дар қисмати 2 ҳамон моддаи қонун Ҷабборов на танҳо ба саркӯбгарӣ балки ба дуздӣ ҳам муттаҳам шуда ва мумкин аст ба 7 сол зиндон маҳкум шавад. Барои кӯмак ба Ҷабборов барои барқарории иртибот бо додгоҳ мутарҷими забон аз Тоҷикистон  даъват шудааст, аммо муттаҳам ба сахтӣ аз ӯ кумак мехоҳад.

Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки ӯ соҳиби фарзанд аст ва дар аввалин ҳузури полис дар манзил худро ба онҳо муаррифӣ кард, ки ин нишон аз садоқат ва пушаймонии ӯ аст.

Кароматулло Ҷабборов саҳнасозии шайтанатомези 4 нафарро дар метрои шаҳри Маскав дар интернет ва канали Ютюб мунташир кард, ки бо эъломи вуҷуди коронавирус муҷиби фирори мусофирон шудаанд.

Ҷабборов дар ин шабака ба унвони мизбони канали Ютюби "KARA PRANK" шинохта мешавад, ки 36 ҳазор нафар дар он муштарак ҳастанд.