Сафари ҳайати Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон барои баррасии тарҳҳои сармоягузорӣ
(last modified Mon, 09 Mar 2020 05:19:43 GMT )
Март 09, 2020 10:19 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон барои баррасии тарҳҳои сармоягузорӣ

Ҳайате аз Бонки рушди Осиё барои баррасии тарҳҳои сармоягузории ин ниҳоди молии минтақаӣ вориди Тоҷикистон шудааст.

Ба нақл аз сомонаи сомонаи ТоҷикТа, ин ҳайат то даҳуми март дар дидор бо мақомоти Тоҷикистон, раванди иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ дар иқтисодро баррасӣ мекунад.

Бо кумаки молии Бонки рушди Осиё, тарҳҳои энержӣ, роҳсозӣ, беҳдошт ва дармон, гардишгарӣ ва мудирияти манобеи об ба арзиши 780 миллион доллар дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро аст.

Гуфта мешавад, ки Бонки рушди Осиё дар беш аз ду даҳсолаи ахир наздик ба як миллиарду 800 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмаки молӣ кардааст.

Бонки рушди Осиё эълом кардааст, ки дар солҳои 2020 то 2022 низ ба Тоҷикистон 400 миллион доллар кумак хоҳад кард.

Тоҷикистон ба далели шароити молии феълии худ бахши асосии кӯмакҳои молии Бонки рушди Осиёро роягон дарёфт мекунад.

Бонки рушди Осиё ҳамасола бо арзёбии вазъияти молии Тоҷикистон ва тавони бозпардохти қарзҳои хориҷии ин кишвар дар бораи ихтисоси кӯмаки молии роягон ба Душанбе тасмим мегирад.