Март 11, 2020 10:18 Asia/Dushanbe
  • Имтиёзоти қонуни тасҳили дарёфти тобеияти Русия барои тоҷикон

Мудири кулли Маркази пажӯҳишии умури муҳоҷират дар фарҳангистони улуми Русия мӯътақид аст, ки қонуни тасҳили иқомати доим ва эътои тобеияти русӣ ба атбои хориҷӣ, барои тоҷикҳо имтиёзоти зиёде ба ҳамроҳ меоварад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Дмитрий Плитаев бо ишора ба дастури раисҷумҳури Русия барои тасҳили иқомати доим ва эътои тобеияти русӣ ба атбои хориҷӣ, бавижа коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ гуфтааст, ки тоҷикҳо ба далели бархӯрдорӣ аз имтиёзи тобеияти дугона бо русҳо, бисёр сода ин мароҳилро тай хоҳанд кард.

Теъдоди зиёде аз атбои Тоҷикистон дар солҳои ахир бо истифода аз барномаи интиқоли созмонёфта, ба ҳамроҳи хонаводаҳои худ ба Русия кӯч кардаанд ва акнун бидуни гирифтани иқомати муваққат метавонанд тобеияти русӣ дарёфт кунанд.

Ҳамчунин тоҷикҳое, ки барои кор дар давраи сесола бо хонаводаи худ ба Русия мераванд тобеияти ин кишварро дарёфт кунанд, бо тасвиби қонуни ҷадид, бидуни ҳеҷ мушкиле метавонанд ин имтиёзро касб кунанд.

 

Барчасп