Март 11, 2020 10:38 Asia/Dushanbe
  • Талош барои хурӯҷ аз бӯҳрони 5-солаи бонкӣ дар Тоҷикистон

Идомаи бӯҳрони молӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон, ки вориди панҷумин сол шудааст, мушкилоти зиёдеро барои фаъолони бахши хусусӣ эҷод кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Суҳайл Абдулваҳҳобов, коршиноси аршади идораи назорат бар фаъолиятҳои Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти баррасии ин мавзӯъ гуфтааст, ки идомаи бӯҳрони молӣ дар низоми бонкии кишвар, ба далели суди калони вомҳо мушкилоти зиёдеро барои фаъолони бахши хусусӣ эҷод кардааст ва бояд ин шароит ислоҳ шавад.

Вай афзуд: Дар як соли ахир суди вомҳои бонкӣ дар Тоҷикистон ба сомонӣ ва арзҳои хориҷӣ коҳиш ёфт ва бозпардохти суди солонаи вомҳои бонкӣ ба сомонӣ ба 22, 7 % ва барои арзҳои хориҷӣ ба 15,9 % расид.

Суҳайл Абдулваҳҳобов гуфт: Бар ин асос, дар соли 2019 ба мутақозиён дар Тоҷикистон 9 миллиарду 500 миллион сомонӣ вом эъто шуд, ки дар муқоиса бо  соли 2018, як миллиарду 900 миллион сомонӣ бештар аст.

 

Барчасп