Март 12, 2020 12:55 Asia/Dushanbe
  • Эътои гувоҳиномаи ронандагӣ барои ташвиқи ҷавонони тоҷик ба хидмати сарбозӣ

Мақомоти вилояти Хатлон бо ҳадафи ташвиқи ҷавонон барои рафтан ба сарбозӣ ба онҳо баъд аз гузарондани омӯзиш гувоҳиномаи ронандагӣ содир мекунанд.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷ вик, пеш аз ин мақомот барои ташвиқи ҷавонон ба эъзоми сарбозӣ ба волидони онон ваъдаи вогузории заминро дода буданд ,ки ба гуфтаашон амал накарданд ва акнун мехоҳанд бо эътои гувоҳиномаи ронандагӣ ба тамоюл надоштани ҷавонон ба рафтани хидмати вазифа поён диҳанд.

Ба ин манзур давраҳои омӯзиши ройгони семоҳа барои дарёфти гувоҳиномаи ронандагӣ барои ҷавонони воҷиди шароити хидмат дар неруҳои мусалаҳ дар вилояти Хатлон баргузор шуд ва ба ин афрод ваъда доданд,ки дар воҳидҳои низомӣ ба унвони ронанда ва таъмиркори худравҳо давраи сарбозии худро мегузаронанд.

Аз суи дигар ҳамасола дар Тоҷикистон дар замони эъзоми ҷавонон ба хидмат дар фаслҳои баҳор, афроди маълул ва бемор низ ба иҷбор ба хидмат эъзом мешаванд,ки мушкилотеро барои онон эҷод кардааст.

Аз нигоҳи коршиносон яке аз далелҳои аслии надоштани тамоюли ҷавонон барои эъзом ба хидмати низоми вазифа дар Тоҷикистон ва рафтани онон ба Русия барои кор, вуҷуди нобасомониҳои зиёд аз ҷумла авзои ногувори маишатӣ ва ахлоқӣ дар артиши Тоҷикистон ва зарбу шатми сарбозони тоза ворид аз суи сарбозони қадимитар аст.