Март 12, 2020 13:23 Asia/Dushanbe
  • Эътои нишон ва лавҳи сипос ба ноширон ва рӯзноманигорони бартари тоҷик

Вазири омӯзиш ва улуми Тоҷикистон ба матбуот ва рӯзноманигорони бартари ин кишвар нишон ва лавҳи сипос эъто кард.

Ба нақл аз Спутник, Вазири омӯзиш ва улуми Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори рӯзи матбуоти Тоҷикистон ба ноширон ва рӯзноманигорони мумтоз лавҳи сипос ва нишон эъто кард.

Ин маросими ҷашн ба муносибати рӯзи матбуот дар сохтмони Вазорати омӯзиш ва парвариш баргузор шуд.

Сардабирон ва кормандони нашриёти мухталиф, ноширон ва ҳамчунин раисони идораҳои чопи Вазорати омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон ба ин маросим даъват шуда буданд.

Имомзода гуфт ; рӯзноманигорон ба ҳамроҳи муалимон, дар тарбият ва шаклгирии насли ҷавон саҳим ва ҳомии арзишҳои миллӣ дар як ҷомиъаи имрӯзӣ ҳастанд.

Дар ин ҷаласа ба шаш рӯзноманигори бартар ҷавоизи матбуот эъто шуд.

Имомзода аз интишороти маориф, чопи душанбе ва ҳамчунин рӯзномаи Омӯзгор ва бисёре аз интишороти дигар бо эҳдои лавҳи сипос қадрдонӣ кард.

Нахустин нашрия ба забони тоҷики дар соли 1912 мунташир шуд вале рӯзномаи ( Бухорои шариф ) ки дар Бухоро мунташир мешуд, пешгоми чоп ва нашри матбуоти Тоҷикистон аст.